ИНСТИТУТИ АСТРОФИЗИКАИ АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

  • Расадхонаи астрономии Помир

 Расадхонаи астрономии Помир

Расадхонаи баландкўҳи Помир дар ноҳияи Мурғоби Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшони Тоҷикистон дар баландии 4350 м аз сатҳи баҳр ҷойгир аст. Роҳ аз Душанбе то расадхона бо автомобил ду рўзро дарбар мегирад. Дар Расадхона  телескопи оинагии  РМ-700  ва телескопи офтобӣ бо масофаи  фокусии 200 м насб шудаанд. Расадхонаи Помир бо иқлими астрономии нодир дар оянда барои мушоҳидаҳои астрономии субмиллиметрӣ мавқеи хеле намоёнро дорад. Барқарор намудани расадхона ва муосир гардонидани телескоп дар солҳои наздик ба нақша гирифта шудааст ва расадхона ба «Расадхонаи 30-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон»   номгузори карда шуд.

 

Расадхонаи астрономии Помир (аксҳо)

Институти астрофизикаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (Институти астрофизика)
  • Институти астрофизикаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ( Институти астрофизика )