ИНСТИТУТИ АСТРОФИЗИКАИ АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

Хабарҳои охирин

ҳамаи хабарҳо

2024-02-19 12:41:50

Хурофот аз ҷаҳолат сарчашма мегирад

Хурофот аз  ҷаҳолат сарчашма мегирад

Асоев Ҳ.Ѓ.

Институти астрофизикаи Академияи миллии илмњои Тољикистон

 

Дар Фарҳанги забони тоҷикӣ мафҳуми «хурофот» ба маънои сафсата, гапи бемаънӣ, ақида ва фикри мавҳуми беасос омадааст.

Аз рӯзе, ки инсоният дар ҷаҳони илм по гузошт, хурофот домангири  ӯ  шуда буд. Хурофот ва хурофотпарастӣ дар байни одамон курбониҳои зиёдеро ба бор овардааст. Дар рушд ва пешравии  ҳама гуна соҳаҳои  илм ба олимон халалҳои ҷиддиро пеш овардааст. Ҳатто бо баланд будани ҷаҳолат ва хурофотпарастии одамони оддӣ олимони зиёде дар роҳи илм курбон шуданд. Аз ин рӯ хурофотро метавон дарди вазнини илм ва ҳатто марги илм номид. Асоси ба хурофот ва хурофотпарастӣ гирифтор шудани одамон ин ҷаҳолат, тангназарӣ ва  аз илм дур мондани  онҳост. Барои аз вартаи хурофот ва хурофотпарастӣ берун кашидани чомеъа зарурати ҳарчи бештари таблиғи ҳама соҳаҳои илм  пеш меояд.

Аз нигоҳи илм,  хурофот ақидаи бофтаву сохта буда, исбот нашудааст. Хурофот дар фарҳангномаҳо маҷмӯи асотиру қиссаҳо, ривоят, ақидаву тасаввурот ва расму анъанаҳои ботилу беасосеро ифода мекунад, ки ба ақл, донишу маърифат, мантиқ ва воқеият мувофиқ  нестанд.

Барои хубтар дарк кардани хурофоти  илми,  дар зер якчанд ақидаҳои хурофотии мутааллиқ ба илми астрономиро пешкаш менамоем. Сухан дар бораи дурахши ҷисмҳои метеорӣ (ситораҳои паррон) ва пайдоиши кометаҳо (ситораҳои думдор) дар осмон меравад.

 

 

 

Метеорҳо – ситораҳои паррон

 Метеор аз калимаи юнонӣ гирифта шуда, маънояш «дар ҳаво буғшаванда»  мебошад.  Вақте, ки ҷисмҳои сахти метеороидӣ ба атмосфераи Замин бо суръати аз 11 то 72км/с дохил мешаванд, дар ҳавои атмосфера соиш хурда, баъдан то ҳарорати алангазанӣ метасфанд ва сипас шуълавар шуда, сӯхта нобуд мешаванд. Ин ҷисмҳои шуълавари тезҳаракаткунандаро  метеорҳо меноманд. Мардуми одди онҳоро «ситораҳои паррон» ном мебаранд.


Расми 1. Ҷисмҳои метеорӣ дар осмон

Дар байни ниёкони оддии мо ва дигар халқиятҳо ақидае мавҷуд буд, ки гӯё ҳар як инсони рӯи Замин ба номи худ дар осмон ситора дорад, ва вақте, ки ситорааш аз осмон канда шуд, риштаи умраш канда шуда мемирад. Вақте, ки дурахши метеорҳоро дар осмон медиданд, мегуфтанд, ки ситорае  аз осмон канда шуд ва одаме аз дунё гузашт. Ин ақида ҳоло ҳам дар байни мардуми оддӣ машҳур аст, ки куллан беасос аст ва ба хурофот рафъ дорад. Дар ҳақиқат ситораҳо аз осмон канда намешаванд, ва онҳо аз мо дар масофаҳо хеле дур воқеъ буда, ба зиндагии мо ва фаъолияти мо ягон таъсире намерасонанд.

Кометаҳо – ситораҳои думдор

Аз қадимулайём кометаҳо дар байни одамони оддӣ ҳамчун ситораҳои думдор маълуманд. Калимаи  “комета” аз калимаи юнонии  “кометис” гирифта шуда, маънояш “мўйдор” мебошад. Дар ҳақиқат кометаи бо чашми бесилоҳ  дидашаванда дорои думи дароз буда,  чун объекти муйдор менамояд.  

Кометаҳо ҷирмҳои яхин  буда, ба гурӯҳи ҷирмҳои  хурди  Низоми офтобӣ дохил мешаванд. Кометаҳо аз ҳаста сар ва дум иборатанд.  Қариб 80% - и массаи онҳоро об ташкил медиҳад. 

           Андозаи ҳастаи кометаҳо аз садҳо метр то даҳҳо км- ро ташкил медиҳад. Андозаи сарашон ба садҳо ҳазор км ва дарозии думашон ба садҳо миллион км баробар аст.


Расми 2. Кометаи Хейли – Бопп дар осмон баҳори соли 1997

         Вақте, ки кометаҳо ба Офтоб наздик мешаванд, дар таҳти гармии нури Офтоб об ва дигар моддаҳои осонгудоз аз сатҳи ҳаста бухор мешаванд. Ин моддаҳои бухоршуда муқобили Офтоб партофта шуда думи кометаро ташкил медиҳанд.

Чиниҳои қадим осмонро чун як мамлакати бузург тасаввур карда, дар он сайёраҳои дурахшонро ҳокимон, ситораҳоро дарбориёни ҳукумат мепиндоштанд.  Аз сабаби он, ки кометаҳо дар кураи осмон мавқеашонро дар байни ситораҳо зуд – зуд иваз мекарданд, онҳоро хаткашонҳои ҳокимони осмонӣ гумон мекарданд. Онҳо гумон мекарданд, ки маҳз хамин ҷирмҳо, яъне кометаҳо ба воситаи нома фармони императорро ба ҳокимони осмонӣ  мерасонанд. Бинобар ин бо тасаввуроти онҳо ҳамаи ҳодисаҳои дар осмон ва Замин ба амал омада бо фармони императори осмонӣ ба вуқуъ меомад.

Вақте, ки кометаҳо дар осмон пайдо мешуданд, дар дили одамон тарсу ҳарос пайдо мешуд баъзе одамон аз тарс мефавтиданд ва баъзеашон ба худкушӣ даст мезаданд. Марги шоҳон ва афроди обрӯмандро бо пайдоиши кометаҳо вобаста медонистанд. Инчуни сабаби рух додани ҳодисаҳои нохуш аз қабили вабо, гуруснагӣ, ҷангу хунрезӣ, офатҳои табии ва ғайраҳоро дар рӯи Замин ба пайдошавии кометаҳо рафъ медоданд. 

Албатта сабаби асосии ба ин хурофотҳо гирифтор шудани онҳо ин  маълумоти оддитарин надоштанашон дар бораи ин ҷирмҳо буд.

Дар ҳақиқат пайдоиши кометаҳои равшан дар осмон ба сар задани ҳодисаҳои  номбаршуда умуман рафъе  надорад.  Кометаҳо ба истиснони бархӯрдашон ба Замин ба одам ягон таъсире расонида наметавонанд.

Муттаасифона ҳоло ҳам иддае аз мардум пойбанди чунин ақидаҳои хурофотианд ва барои аз зеҳни мардум дур намудани онҳо тарғиби илмро ҷоннок кардан мебояд. Зеро бе огоҳӣ, бе мутолиа наметавон  мардумро аз ҷаҳолат раҳонид ва аз вартаи ҳалокатҳои хурофотӣ наҷот дод.

2024-02-19 12:39:05

Паёми солонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун омили пешрафти ҷумҳурӣ ва таъмини зиндагии арзанда ба мардуми кишвар аст

Паёми солонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун омили пешрафти ҷумҳурӣ ва таъмини зиндагии арзанда ба мардуми кишвар аст

Буриев А.М., Аюбов Д.Ќ.

 

Институти астрофизикаи Академияи миллии илмњои Тољикистон

 

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ибтидои Паёми навбатии имсолаашон ба Маҷлиси Олӣ чунин иброз доштанд: «Соли 2023 барои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҷмуъ, соли бобарор буд». Ин нуктаи муҳим моро водор месозад, ки ҳама рӯйдодҳои соли гузаштаро дар зеҳни хеш рӯшан намуда, дар чунин сурат, бо таҳлилу баррасии амиқ бирасем, ки соли сипаригашта, воқеан ҳам, барои мардуми шарифи мо соли пурфайзу бобаракат буд. Ин ҳам дар ҳолест, ки вазъи ҷаҳони муосир ҳар лаҳза тағйир ёфта, гурӯҳҳои манфиатдор бо корбурд аз василаҳои гуногун саъй доранд, ки бо эҷоди вазъи ноором ба ҳадафҳои худ даст ёбанд. 

Дар Паём ҳама соҳаҳои хоҷагии халқ таҳлилу баррасӣ гардида, дастовардҳо ва нақшаву дурнамои фаъолият ба таври мушаххас нишон дода шуданд. Мусаллам аст, муҳайё кардани ҳаёти осоишта ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум аз ҳадафҳои умдаи давлат ва Ҳукумати мамлакат ба шумор меравад. Маҳз тадбирандешии саривақтӣ аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ буд, ки сатҳу сифати зиндагии мардуми мо сол ба сол беҳтару хубтар мегардад. Паём ҳар як сокини кишварро дилпур менамояд, ки ин раванд минбаъд низ идома ёфта, баҳри зиндагии боз ҳам шоистатар заминаи воқеи мегузорад. Сарвари давлат вобаста ба масъалаи мавриди назар таъкид намуданд, ки барои роҳандозии амалкарди муносиб дар ин самт Ҳукумати мамлакатро зарур аст, ки пешрафти устувори минбаъдаи иҷтимоиву иқтисодии кишварро нигоҳ дошта, соли 2024 суръати рушди иқтисодиро дар сатҳи назаррас таъмин намояд. 

Дастгирии табақаҳои осебпазири аҳолӣ ҳамеша дар мадди назари давлат ва Ҳукумати мамлакат қарор дорад. Сол ба сол ҳаҷми нафақа, кумакпулӣ, ҷубронпулиҳо, таҳкими фаъолияти муассисаҳои ҳифзи иҷтимоӣ ва уҳдадориҳои дигар меафзояд. Дар соли 2023 низ ин раванд идома ёфта, ба ин самт 4,3 миллиард сомонӣ равона шуд. Бо мақсади таъмини минбаъдаи шароити мусоиди зиндагии ин қишри ҷомеа

Президенти мамлакат дар Паём ишора намуданд: «То охири соли 2024 ба шаҳрвандони эҳтиёҷманди кишвар, аз ҷумла кӯдакони ятим ва бесаробон, маъюбон, оилаҳои камбизоат ва гирандагони нафақаи иҷтимоӣ, кумаки молияви пардохт карда шавад ва ба ин мақсад аз ҳисоби маблағҳои фонди президентӣ мавриди баррасӣ қарор дода шавад»

Яке аз масъалаҳои муҳиме, ки дар Паём ба он ишора гардид, ин мақом ва ҷойгоҳи зан-модар дар ҷомеа буд. Маълум аст, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ ҷиҳати ҷалби духтарон ба таҳсил ва соҳибмаълумот гардондани онҳо тадбирҳои назаррасу бесобиқа андешида шудаанд. Имрӯз соҳае нест, ки  занону  духтарони мо  дар  он  фаъолият накунанд. Бидуни шак, дар даврони соҳибистиқлолӣ мақоми бонувон дар ҷомеа боло рафт ва ҳамасола ҷиҳати ҷалби онҳо ба корҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд. Роҳбари давлат бонувонро дар ҷомеа қувваи бузург арзёбӣ карда, таъкид намуданд: «Мо тасмим дорем, ки ҷалби бонувонро ба корҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ минбаъд низ густариш бахшем, зеро онҳо дар ҷомеаи мо қувваи бузург мебошанд ва мо ба неруву ташаббусҳои онҳо ҳамеша эътимод дорем. Мо ба нақши зан-модар, ки мавҷуди муқаддас мебошад, ҳамеша арҷ мегузорем, чунки ӯ насли инсонро ба вуҷуд меоварад, тарбия мекунад ва ба камол мерасонад».

Зимнан, Пешвои миллат ба вазъи ноороми ҷаҳон таваҷҷуҳ намуда, бори дигар ҳушдор доданд, ки таъсири манфии бархӯрдҳои геосиёсӣ, низоъҳои тиҷоратӣ, пайомадҳои тағйирёбии иқлим ба иқтисоди кишварҳо шиддат гирифта, оғози марҳалаи «ҷанги сард» муносибатҳои иқтисодиву тиҷоратии миёни давлатҳоро халалдор кард. Таъкид гардид, ки  гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ бо корбурд аз технологияҳои муосири иттилоотӣ ва бо истифода аз роҳу василаҳои мухталиф барои гумроҳсозии  ҷавонони ноогоҳ ва ҷалби онҳо ба сафҳои худ пайваста талош мекунанд. Аз ин рӯ, ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супориш дода шуд, ки дар самти ошкор ва пешгирӣ намудани хавфу хатарҳои террористиву экстремистӣ фаъолияти худро ҳамоҳанг созанд. Воқеан ҳам, ин масъала хеле нигаронкунанда аст ва набояд касеро бетараф гузорад. Зеро тафаккури ифротӣ, гурӯҳҳои ифротгаро ва созмонҳои террористӣ барои амнияти ҷомеаи башарӣ хатари бузург эҷод мекунанд. Ҳамин аст, ки хушбахтона, дар кишвари мо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо ҷалби дигар ниҳодҳо бо додани баҳои дуруст ба ин хатар ҷиҳати пешгирии гароиши ҷавонон ба чунин ҳизбу ҳаракатҳои тундрав талошҳои ҷиддӣ намуда, дар самти таъмини амнияти давлату сокинон чораҳои саривақтӣ меандешанд. Бо вуҷуди ин, ҳанӯз ҳам ҷиҳати тақвияти мубориза бо ҷараёнҳои номатлуб тадбирҳои иловагию амалӣ тақозо мешаванд. Аз ин ҷост, ки Президенти мамлакат дар Паём чунин дастур доданд: «Ҷиҳати пешгирӣ намудани ҷиноятҳои хусусияти экстремистиву террористидошта ва ҷиноятҳое, ки бо истифодаи технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ содир карда мешаванд, зарур аст, ки Маркази ягонаи иттилоотӣ таъсис дода шавад». Воқеан ҳам, ҷиҳати муқовимат ба ҳуҷумҳои иттилоотии муташаккилона ба муқобили кишвари азизи мо, ки солҳои охир роҳандозӣ гардидааст, таъсиси чунин марказ тадбири саривақтӣ ва амри ногузир аст.

Дар фароварди Паём Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми шарифи кишвар изҳори сипос намуда аз он ифтихор намуданд, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ панҷ иқдоми ҷумҳурии  мо  дар робита  ба масъалаи об ва иқлим аз тарафи болотарин ниҳоди байналмилалӣ, яъне СММ қобили қабул дониста шуд, ки бидуни шак, эътибори Тоҷикистонро дар миёни дигар давлатҳо боз ҳам боло бурд. Боиси сарфарозии ҳар як сокини кишвари азизамон аст, ки ҷумҳурии  мо дар ин самт дар миёни дигар давлатҳои ҷаҳон пешгом аст.

Бо бардошт аз муҳтавои фарогир метавон гуфт, ки Паёми навбатии Президенти мамлакат барои ҳар як сокини шарафманди кишвар паёме буд аз дирӯз ва ояндаи дурахшону саодатовар, ки мебояд ҳар банду нишондоди онро ба сифати дастури роҳнамо сармашқи кори худ қарор диҳем. 

2024-02-19 12:15:58

Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» ҳамчун мояи пешрафт ва дастгирии омӯзиши илмҳои риёзиву дақиқ ва табиӣ дар саросари Ҷумҳурӣ мебошад

Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» ҳамчун мояи пешрафт ва дастгирии омӯзиши илмҳои риёзиву дақиқ ва табиӣ дар саросари Ҷумҳурӣ мебошад

Буриев А.М.

Институти астрофизикаи Академияи миллии илмњои Тољикистон


Ҳамасола дар саросари кишвар тибқи фармони бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ба хотири боз ҳам бештар ба омӯзиши илмҳои риёзиву дақиқ ва табиӣ ҷалб кардани наврасону ҷавонон, олимону муҳаққиқон ва устодону омӯзгорон таҳти унвони «Илм фурӯғи маърифат» озмуни ҷумҳуриявӣ доир мегардад, ки дар он истеъдодҳои наврасу ҷавон донишу маҳорати худро санҷида, дар оянда барои пешрафти илмҳои риёзиву дақиқ ва табиӣ нақши арзишманд мегузоранд.

Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат»  бо мақсади рушди тафаккури техникӣ, тарғиби ҷаҳонбинии илмӣ, дастрасӣ пайдо кардан ба техникаву технологияҳои нав, тавсеаи ихтироъкорӣ ва навоварӣ, пайвасти илм бо истеҳсолот, ҷалби бештари хонандагону донишҷӯён ва дигар қишрҳои ҷомеа ба омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ, ҳамчунин дарёфт ва муаррифии истеъдодҳои нав дар ин самтҳо ташкил ёфта, дар байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ бакалаврону магистрон, ходимони илмӣ, аспирантон, докторантон, унвонҷӯён, докторантҳо аз рӯйи ихтисос ва докторантони ҳабилитат, омӯзгорони муассисаҳои таълимии ҳамаи зинаҳои таҳсилот, муҳандисон, конструкторон ва дигар намояндагони касбу кори гуногун баргузор мегардад. Қобили зикр аст, ки озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» таҳти сарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади амалисозии «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» ташкил дода шуда, баргузории он тибқи дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба зиммаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон гузошта шудааст.

Чуноне, ки ба мо маълум гардид баргузории Озмуни ҷумҳуриявии «Илм фурӯғи маърифат» сафи донишомӯзони фанҳои диқиқ, риёзӣ ва табииро бештар менамояд. Ҳамчунин наврасону ҷавонон, олимону муҳаққиқонро водор месозад, ки дар доираи солҳои 2020 2040 «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ дар соҳаи илму маориф» саҳм гузоранд.

Бояд қайд намуд, ки озмуни «Илм фурӯғи маърифат»- низ  мисли Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» мебошад, ки он тамоми қишри ҷомеаро фаро гирифта, ба ҳамоиши анъанавӣ табдил ёфтааст. Зеро пешравии ҷаҳони имрӯза аз ҷавонони китобдӯст ва донандаи илмҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ вобастагии хело ҳам калон дорад.

Боиси хурсанди аст, ки ҳамасола тибқи дастури бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, маблағҳои барои ҷоизаҳои озмунҳои умумиҷумҳуриявӣ пешбинигардида зиёд карда мешавад, ки ин иқдоми хуб барои бозҳам ҳарчи бештар ҷалб намудани наврасону ҷавонон, олимону муҳаққиқон ё худ тамоми қишри ҷомеаи кишвар заминаи мусоид ба бор меоварад.

Аз тарафи Сарвари давлат ба Ҳукумати мамлакат, Вазорати маориф ва илм, Маркази миллии тестӣ, ҳамаи сохтору мақомоти давлатӣ, аз ҷумла роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо ҳамасола супориш дода мешавад, ки ғолибони озмунҳои умумиҷумҳуриявиро аз рӯи интихоби худашон ба муассисаҳои таҳсилоти олӣ бидуни имтиҳон қабул намуда, барои ҳавасмандгардонии моддиву маънавии омӯзгорон ва падару модарони онҳо тадбирҳои иловагӣ андешанд. Инчунин ташкил ва баргузории ин чорабиниҳоро дар сатҳи бисёр баланд ба роҳ монанд.

Хуллас, озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» бешак барои рушди ҷаҳонбинии ҷавонон,  сайқалёбии дониши онҳо дар илмҳои дақиқ саҳми арзанда мегузорад, ва татбиқи илмҳои дақиқ дар амалия  боиси  рушд намудани чи иқтисод ва чӣ саноатикунонии кишвар хоҳад гашт. 

2024-02-05 14:02:23

Об – манбаи ҳаёт ва неъмати бебаҳост

Об – манбаи ҳаёт ва неъмати бебаҳост

Шарипова Н.Т. лаборанти калони ШФКА – и Институти астрофизика


Суханҳои Президенти Чумҳурии Тоҷикистон Пешвои миллат Муҳтарам Эмомали Раҳмон «Тоҷикистон, алҳақ, як неъмати худодод, як муъҷизаи табиат, як пора биҳишти рӯи Замин аст. Мисли сарзамини мо табиати нотакрор, оби софу зулол, чашмаҳои ширин, кӯҳҳои зебову сарбаланди дорои сарватҳои бои зеризаминӣ дар ягон гӯшаи олам вуҷуд надорад. Пас месазад, ки бо чунин диёри зебоманзар ифтихор намоем ва шукри ҳар пора замину ҳар қатра обаш бикунем, ин ҳама дороиашро, ки сарчашмаи ҳаёти мост, тозаю озода нигаҳбон бошем».

Об манбаи ҳастии ҳамаи мавҷудоти олам ва табиати зинда башумор меравад.Асоси ҳамаи мавҷудоти олами зинда об аст, аз ин сабаб моро зарур аст, ки обро тозаю озода ва эҳтиёткорона истифода барем. Тоҷикистони азизамон аз захираҳои об бой буда ин чунин қариб 7000 пирях ва 155 кул инчунин 10- ҳазор чашмаҳо дорад.

Аз нарасидани оби тозаи ошомиданӣ бисёре аз минтақаҳои сайёраи мо танқисӣ мекашанд. Кишварҳое ҳастанд, ки бо оби тозаи ошомиданӣ аҳолии худро таъмин карда наметавонанд. Дар баъзе кишварҳо бошад сол то сол хушксолӣ ё инки обхезиҳои зиёд ба амал омада истодааст. Аз ин сабаб моро зарур аст, ки оби тозаи ошомиданиро сарфакорона истифода барем. Аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати мили- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Даҳсолаи байналмиллали «Об барои рушди устувор, 2018-2028» элон гардид. Об ин манбаи ободӣ балки як неъмат дар рӯи Замин аст.

Мо хушбахт ҳастем,ки кишвари мо аз оби тозаи ошомидани бой аст.

Қарзи ҳар як инсон аст, ки обро тоза нигоҳдорад ва ҳар як қатрои онро муқаддас шуморад.Об ин як неъмати Худододист ва моро зарур аст ки ба кудакон низ барои тоза нигоҳ дошнани оби ошомидани ва сарфакорона истифодаи онро омузем.

Ин об аст, ки инсониятро аз ифлосию беморӣ ва аз марг наҷот медиҳад.

2024-02-02 14:53:45

ХУРУФОТПАРАСТӢ СИЛОҲИ ИФРОДГАРОӢ АСТ

Дониш андар дил чароғи равшан аст

Ва аз ҳама бад бар тани ту ҷафшан аст.

 

 ХУРУФОТПАРАСТӢ СИЛОҲИ ИФРОДГАРОӢ АСТ

 

Қоҳирова Г.И.

Раёсати Академияи миллии илмњои Тоҷикистон,

Институти астрофизикаи АМИТ

 

Падидаҳои ниҳоят хатарноки иҷтимоӣ-сиёсӣ, ки ифротгароӣ ва навъҳои он – амалҳои террористӣ дар заминаи ҷиноят, зуҳуроти ифротгароии миллатгароӣ, ифротгароии мазҳабӣ, ки ба амнияти ҷаӽон ва инсоният таҳдиди глобалӣ доранд, мушкилоти имрӯзаи ҷомеа гардидааст. Даҳҳо ҳазор таркишҳои террористӣ аллакай дар бисёре аз кишварҳои ҷаҳон рух додаанд ва рӯйхати қурбониёни онҳо тӯлонӣ шудааст. Силсилаи ҳамлаҳои террористӣ дар солҳои охир дар Иёлоти Муттаҳида, Россия, Испания, Британияи Кабир, Ҳиндустон, Ироқ, Индонезия, Фаронса ва дигар кишварҳо бемисл буд ва нишон дод, ки механизмҳои муқовимат ба терроризм феълан дар аксари кишварҳои ҷаҳон ба сатҳ ва хусусияти таҳдиди террористӣ мувофиқат намекунад. Айни замон мубориза бо таркишҳои террористӣ вазифаи маҳаллии як кишвар нест ва воқеан як мушкилии ҷаҳонӣ мебошад.

Терроризм дар паси шиорҳои гуногун ба монанди ифротгароии мазҳабӣ ва сиёсӣ пинҳон шуда, боиси сар задани низоъҳои байни миллатҳо ва гурӯӽӽои маӽаллӣ ва зуҳуроти ҷудоихоҳии минтақавӣ гардида, барои тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ хатари ҷиддӣ дорад.

Ҳоло терроризм кӯшиши худро  торафт мукаммал мекунад, то ки ба ҳадафҳои харобиовари худ бирасад. Яке аз аслиӽаи чунин таъсир бо ниқоби динӣ рӯйпӯш шуда,  истифодаи ӽуруфотпарастии шаӽрванд мебошад.

Даврањое, ки инсон аз қонунҳои табиат бехабар буд, ҳар дам оҷизии худро эҳсос мекард. Тангназарӣ то дараҷае буд, ки раъду барқ, шамол, Офтоб, Моҳ ва ғайра ҳадафи ибодат ба шумор мерафтанд. Дар ин замина гурўҳҳои экстремистӣ ба вуҷуд омада, саъй мекунанд, ки тавассути ифротгароӣ ва терроризм ба натиҷаи дилхоҳ ноил шаванд.

Фарди муосир ба ҳуруфот бовар намекунад, риоя кунад ҳам, онро анъанавӣ, ҳамчун  урфу одати миллӣ қабул кардааст. Парастиши ҷирмҳои осмонӣ ва дарк накардани  равандҳои ҷамъиятӣ (масъалан, шўриш ва ҷангҳои истилогарона), тассавуроти фантастикӣ дар бораи таъсири сайёраву ситораҳо ба рўйдодҳои заминӣ пайдо шуданд. Инкишофи илму маърифати оммавӣ тадриҷан сарҳади хуруфотпарастиро маҳдуд кард, лекин то ҳол байни одамони тангназар  ақидаҳои бардурўғу бемаънӣ ба монанди фолбинӣ, эътиқод ба тақдиру қисмат ва ғайра  мавҷуданд.

Масъалан оҳиста ноаён шудани Моҳ ва ранги сурх гирифтани он аз тарафи одамони хуруфотпараст ҳамчун наздикшавии «қиёмат» (охири дунё) шарҳ дода мешавад. Дар баъзе маҳалаҳо нақора зада мардуми торикфикрро ба ҳарос меафтонанд. Ҳақиқати ҳол дар он аст, ки  Моҳ ба сояи Замин меафтад ва ин ҳодисаро гирифти Моҳ меноманд. То ба Кайҳон қадам гузоштани инсон яке аз далелҳои курашаклии Замин маӽз сояи он дар сатҳи Моҳ буд. Масофаи кутоҳтарини байни Замину Моҳ 363000 километр мебошад. Дар ин масофа сояи Замин аз диаметри Моҳ, тақрибан, 2.5 маротиба зиёд аст ва дар ҳолати дар як хати рост мавҷуд будани Офтоб, Замин ва Моҳ, Моҳ ба сояи Замин ворид мешавад. Ин ҳодиса соле аз ду то чор маротиба такрор мешавад. Муддати аз сояи Замин гузаштани Моҳ ҳам гуногун аст ва сабаби ин гуногун будани ҳамвориҳои ҳаракти Замину Моҳ мебошад. Вақти зиёдтарини  аз соя гузаштан қариб 108 дақиқа аст. Гирифти Моҳ ҳодисаи даврӣ, яъне такроршаванда аст ва таърихи яке аз гирифтҳоро дониста, бо осонӣ ин ҳодисаро пешгўи кардан мумкин аст. Ҳамин тавр, гирифти Моҳ дар соли 2024, 25 март ва 18 сентябр пешбинӣ шудааст.

Ранги сурх гирифтани Моҳ ҳангоми гирифт ба атмосфераи Замин вобаста аст. Ҳатто ҳангоми гирифти пурра нурҳои Офтоб ба Моҳ рафта мерасанд ва атмосфераи Замин ба нурҳои сурху норинҷи нисбатан шаффоф аст. Маҳз чунин хосият ҳангоми ғуруби Офтоб мушоҳида мешавад. Чунин ҳодиса ва далелҳоро бешумор овардан мумкин аст.

 Бо мақсади мутеъ доштани омма ва беҷавобгарӣ истифода бурдани  халқи оддӣ, ҳар гуна гурўҳҳои ифродгар (террористию экстремистӣ) ҳуруфтопарстиро паҳн мекунанд. Ҳодисаҳои табиатро бо равандҳои ҷамъиятӣ вобаста карда, аз тангназарии шахсони алоҳида истифода мебаранд ва афсонаҳо дар бораи тақдир мебофанд. Шиносоӣ бо қонунҳои оддии табиат ва ҷамъият ҳадафи чунин гурўҳҳоро бекор месозад. Пешгирии экстремизм ва терроризм на танҳо вазифаи давлат, балки вазифаи ҳар як шаҳрванд низ мебошад ва саҳми олимон дар ин ҷодда беназир мебошад.


55 –умин Конференсияи илмӣ оид ба Моҳ ва сайёраҳо

2023-09-29 12:13:57

Эълон

         Ба таваҷҷуҳи кормандони илмии Институти астрофизикаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон расонида мешавад, ки санаи 11 – 15 марти соли 2024, 55 –умин Конференсияи илмӣ оид ба Моҳ ва сайёраҳо  (55th Lunar and Planetary Science Conference  LPSC” The Woodlands, Texas/Virtual - March 11-15, 2024) баргузор мешавад. Конференсияи мазкур як рӯйдоди муайянкунанда дар таҳқиқи сайёраҳо буда, гурӯҳи гуногуни коршиносони байналмилалиро муттаҳид мекунад. Дар тӯли 55 сол, LPSC муҳақиқонро оид ба омӯзиши Моҳ ва сайёраҳо барои намоиш додани дастовардҳои охирини илмӣ, таҳқиқот ва кашфиёт дар ин соҳа ҷамъ овардааст.

         Кормандони илмии Институт имконият доранд, фишурдаи мақола (тезис) омода намуда ба Конференсияи мазкур равон намоянд.

 

Барои маълумоти бештар ба сомонаи дар зер овардашуда вориш шавед:

https://www.hou.usra.edu/meetings/lpsc2024/


ЭЪЛОН!!!

2023-06-16 07:51:38

ЭЪЛОН!!!

Шӯрои олимони Институти астрофизикаи АМИТ бахшида ба Рӯзи байналмилалии Астероид дар Институт  Конференсияи илмию амалӣ таҳти унвони «Рӯзи Астероид»-ро эълон менамояд, ки бо ташаббускории Шӯрои олимони Институт санаи 22 июни соли 2023 дар Расадхонаи астрономии Ҳисор (РАҲ) баргузор мегардад.

Дар кори Конференсия хонандагон, донишҷӯён, магистрантҳо, аспирантҳо, докторантон, олимону мутахассисони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва мактабҳои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок карда метавонанд.

ЗАБОНИ КОРИИ КОНФЕРЕНСИЯ: точикӣ, русӣ.

ТАЛАБОТҲО БАРОИ ҚАБУЛИ МАВОДҲО:

1. Фишурдаҳо, на бештар аз 3 саҳифа дар шакли электронӣ пешниҳод карда мешаванд.

2. Матн дар таҳриргари Word, шрифти «Times New Roman», «Times New Roman Tj 12, фосилаи сатр - 1,0, рост - 1,0 см, дигар майдонҳо - 2,0 см анҷом дода мешаванд.

3. Сарлавҳаи фишурдаи маърузаҳо бо ҳарфҳои калон бо ҳам дар мобайн. Дар поён як фосила - насаб ва ҳарфҳои аввали муаллиф (ҳо); зери онҳо номи муассиса, шаҳр, кишвар, суроғаи почтаи электронӣ ҷойгир шуда бошад.

МӮҲЛАТИ ҚАБУЛИ МАВОДҲО БАРОИ ИШТИРОК ДАР КОНФЕРЕНСИЯ – 20 июни соли 2023 (бо назардошти)

Дар давоми 1 ҳафта аз рӯзи баргузории Конференсияи илмию амалӣ таҳти унвони «Рӯзи Астероид» эълон дар сомонаи Институти астрофизикаи АМИТ: www.ias.tj интишор карда мешавад.

Шахсоне, ки мехоҳанд дар Конференсияи илмию амалӣ таҳти унвони «Рӯзи Астероид» иштирок намоянд, бояд то 20 июни соли 2023 (бо назардошти) ба суроғаи почтаҳои электронии firuzakhon.co@mail.ru ё jismoilzoda@mail.ru маводҳои худро ирсол намоянд.

Суроға: ш. Душанбе, хиёбони С. Айнӣ 299/5, ИА АМИТ

Маълумот барои тамос:

Телефон:  225-80-23

Почтаҳои электронӣ: firuzakhon.co@mail.ru,    jismoilzoda@mail.ru

 

Семинари илмии «Системаи офтобӣ»

2023-05-17 12:10:03

Эълон

 17 майи соли 2023 соати 14:00 дар толори маҷлисгоҳи Институти астрофизикаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон семинари илмии «Системаи офтобӣ» баргузор мегардад.

 Рӯзномаи маҷлис

1.     Г.И.Кохирова, А.И.Джонмухаммади, М.Н.Латипов – Еще раз к вопросу о комплексе Таурид.

2.Г.И.Кохирова, А.М.Буриев, С.Н.Сафаров, Ф.Дж.Рахматуллоева – Комплексные оптические наблюдения астероида (420302) 2011 XZ1 в обсерватории Санглох.

3.Г.И.Кохирова, А.М.Буриев, Д.К.Аюбов-Результаты наблюдений кометы С/2021 А2 (NEOWISE) в Таджикистане.

Институти астрофизикаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (Институти астрофизика)
  • Институти астрофизикаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ( Институти астрофизика )